logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда +992 48 701 88 88

TTL дар бораи васеъ гардонидани минтақаи фарогирии шабакаи Интернетии худ хабар медиҳад

Солхои охир ҶСП «Телекомм Технолоджи» минтақаи фарогирии шабакаи Интернетии худро тавассути нахи нурӣ (FTTB) дар шаҳри Хуҷанд афзоиш дода истодааст. Ба наздики   ин технологияи наву  босифат ба сокинони махаллаи 31- ум ва кучаи Максудчон Тамбури  гузаронида шуд. Акнун истиқоматкунандагони минтақаҳои мазкур имконият доранд, ки аз интернети баландсуръат ва босифати TTL пурра истифода баранд.

- Аллакай, тавассути нахи нури ширкати TTL  ҳафт маҳалла ва кучаҳои асосии шаҳри Хуҷандро ихота кардааст, - изҳор дошт роҳбари намояндагӣ дар вилояти Суғд Мансур Ҷумаев. – Ширкат дар чодаи пешрави мебошад ва нақша дорад, ки тамоми минтақаҳои ахолинишинро зери пушиши хизматрасониҳои худ қарор диҳад. То ин ки ҳар як  истиқоматкунандаи вилоят имконияти истифодабарии хизматрасониҳои моро (интернет, телефония ва дар ояндаи наздик телевизиони насли ҷадид), ки чузъи заруратҳои рузмарра қарор гирифтаанд, дошта бошанд. Ширкат барои иҷро намудани накқшаҳои дар пешгузоштаи худ тамоми саъю кушиши худро ба харҷ хоҳад дод.

Қаблан нахи нурӣ (FTTB) ба маҳаллаҳои 18-ум, 19-ум ва ҳамчунин кучаҳои Ленин, Камоли Хуҷандӣ ва Фирдавсӣ гузаронида ба истифода дода шуда буд. 

Баргашт ба рӯйхат

Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть