logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда +992 48 701 88 88

Ҳамоиши “Ҳамкориҳо барои рушди илм ва технология”

Ҳамоиши “Ҳамкориҳо барои рушди илм ва технология”



IMG_8507.JPG

Имруз 29.04.2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши “Ҳамкориҳо барои рушди илм ва технология” баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндагони баъзе аз ширкатҳои вилоятӣ ва устодону донишҷуёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд. Дар рафти ҳамоиш Роҳбари қисми интихоби кормандони бонки “Эсхата” Очилов Аслиддин ибрози андеша намуда, дар мавриди ҳамкориҳои бонк бо донишгоҳ ва ҷойҳои холии корӣ барои довталабон суҳбат намуд. Ҳамчунин мутахассис оид ба кори муштариёни ширкати “Телекомм Технолоджи” Одинаев Одинамуҳаммад дар мавзӯи “Фановариҳои навин” ё худ технологияи инноватсионӣ суханоронӣ намуда, дар бораи ширкати “Телекомм Технолоджи” ва хизматрасониҳои он маълумоти муфассалеро барои аҳли нишаст пешкаш намуд. Номбурда ҳамчунин маълумотҳоеро дар мавриди фановариҳои навини ватанӣ ва хориҷӣ, ки барои рушди фикрии донишҷуён басо судманд буданд баён дошт. Дар охир Муовини ректор оид ба илм ва иноватсия Орипов А. ба намояндагони ширкатҳое, ки дар ин нишаст иштирок намуданд, сипосномаҳо тақдим намуд. Муовини ректор дар рафти суханронии худ аз Сардори бахши оид ба тиҷорати ширкати “Телекомм Технолоджи” Ҷурабоев Холмат сипосгузорӣ карда, изҳори умедворӣ намуд, ки дар нишастҳои минбаъда низ ширкат бо суханрониҳову дастовардҳои навини худ фаъолона иштирок намуда, бо донишгоҳ ҳамкориҳои судманд барқарор менамоянд.






Баргашт ба рӯйхат

Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть