logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда +992 48 701 88 88

Нишасти илмӣ бо иштироки ТТЛ дар шаҳри Хуҷанд

Нишасти илмӣ бо иштироки ТТЛ дар шаҳри Хуҷанд
ҶСП “Телекомм Технолоджи” дар ҳамоиши навбатӣ, ки бахшида ба рузи ҷавонон ва 25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ширкат намуд.

Аз санаи 10 то 12 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони ш.Хуҷанд нишасти илмӣ бахшида ба ҳафтаи кафедраи системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда дар мавзуи “Семинар-Тренинги системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда” баргузор гардид. Дар қатори дигар иштирокчиёне, ки ба ин ҳамоиш даъват шуда буданд, ширкати мо низ фаъолона иштирок намуда, саҳми босазои худро гузошт. Намояндагони ширкати Телекомм Технолоджи дар мавзуи “Фановариҳои навин” ва “Интернет барои тиҷорат” баромад намуданд ва ҳамчунин ба ширкаткунандагони ҳамоиш дар бораи пайвастшавӣ ба хизматрасониҳо аз тариқи технологияҳои ADSL, FTTB ва FTTH гуфта гузаштанд. Баромади онҳо барои аҳли нишаст бисёр писанд омад. Дар охир аз тарафи Ректори ДДҲБСТ ба ширкати Телекомм Технолоджи барои иштироки фаолона СИПОСНОМА тақдим карда шуд.

Баргашт ба рӯйхат

Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть