logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда +992 48 701 88 88

Финали озмуни «Маликаи Интернет-2014» ба охир расид

IMG_9943.JPG    

  
Яке аз чорабиниҳои хотирмоне, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сипарӣ гашт, ин финали озмуни зебогӣ «Маликаи Интернет-2014» мебошад. Ғолибон эълон карда шудаанд, туҳфаҳо тақсим гаштанд..... Эҳсосотҳо куллан гуногун будаанд. 

    Ширкати «Телекомм Технолоджи» (TTL) бахшида ба 20 солагии татбиқи интернет дар Тоҷикистон ташкилотчии озмуни зебогӣ дар Тоҷикистон гашт. Дар давоми нимсол (аз моҳи июл то ба моҳи декабри соли 2014) ширкат лоиҳаро тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ марҳилаҳои гуногуни озмун татбиқу тавзеҳ кард. 6 декабр дар толори калони меҳмонхонаи Hyatt Regency барномаи ниҳоии намоишӣ бо иштироки 12 иштирокчии финалӣ ва ситораҳои эстрадаи ватанӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар давоми татбиқи лоиҳа аз аввал то ба охир, ташкили ва иҷроиши барномаи финалиро TTL ба яке аз ширкатҳои маъруфи кишвар гузошт. 

   Инак, финал! Шабнишинии идонаро бо видеоролики оиди ташкили, ташаккули, рушди ва афзоиш TTL кушоданд. Мехмонони шабнишинӣ тавонистанд ки бори дигар маълумот оиди чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ лоиҳаҳои инноватсионӣ ва аз он ҷумла интернет дар соҳаи телекоммуникатсияҳо дар Тоҷикистон ташкил ва татбиқ гаштанаш пайдо намуданд. 

  Сипас, барандаҳои барнома Кирилл Камбаров ва Беҳруз Насриддинов ҳузурдоштагонро бо аъзоёни ҳайти ҳакимон шинос намуданд. Ҳайти ҳакимон аз зеринҳо иборат буданд: раиси ҳайат Саади Самадов сардори намояндагии корпоратсияи ZTE дар Тоҷикистон; продюсер, мудири марказӣ продюсерии TOPmedia Беҳруз Зеваров; мудири шабакаи толори ҳусн OSIS+ (Schwarzkopf Professional) Зебо Орифова, ҷонишини директори генералии ширкати «ТТ мобайл» Рустам Нуров; дизайнери либосҳои мӯдшуда Умед Кучкалиев ва сароянда Ҷонибек Муродов. 

   Ҳамин тавр, иштирокчиёни финали озмуни зебогӣ «Маликаи Интернет-2014» дар толор ҷамъ омаданд! Дувоздаҳ соҳибҷамолони лоиҳа дар тантанаи нахуст бо сару либоси аврупоӣ ва миллӣ, ки аз ҷониби дизайнери маъруфи Тоҷикистон Умед Кучкалиев таҳия гаштанд баромад карданд. Духтарон аз баромади нахуст мисли моделҳои корозмуда дилҳои тамошобинонро забт намуданд. 

   Дуввумин гузариши тантанавори духтарон як навъи вазифаи хонагӣ барои онҳо буд, зеро ки либоси шабнишинии идонаро худи иштирокчиён бояд омода мекарданд, боиси қайд аст, ки иштирокчиёни финалии озмун аз ӯҳдаи ин вазифа бо тамоми 100% баромаданд. Духтарон чунон чашмбар, мухталиф, чунон ҷавон ва ҷолиб буданд... Боварии комил дорем, ки барои ҳайати ҳакимони озмун интихоби ғолибон аз байни чунон духтарони зебо амали начандон осон буд! 

   Дар рафти гузариши тантанавори дуввумин духтарон бояд боз аз як санҷиши дигар – посух додан ба саволҳо мегузаштанд. Ба ҳар яки аз духтарон як саволӣ пурсида шуд ва бештари онҳо аз ин санҷиш сабукона ва ҷозибанок гузаштанд. 

   Дар гузаштани тантанавории сеюм - духтарон дар либосҳои арӯсӣ буданд. Аз арус чӣ зеботар шуда метавонад? Танҳо 12 арус! Иштирочиёни озмун аз саҳна бо чашмони дурахшон ва бо бозистодани дилҳо, баъзан дар қабатҳои либосашон печутоб ва баъзан пешпо хурда гузаштанд... Ин низ як намуди хоссаи бартарият буд. Набояд фаромуш кард, ки иштирокчиёни лоиҳа на ин ки моделҳои олии таҷрибадор, балки сокинони оддии пойтахт гаштанд. 

   Ҳамин тавр, ҳамагон соҳибҷамолони моро дар либосҳои гуногун диданд, садои хушовози онҳоро шуниданд, матонат ва ҷасорати онҳоро баҳо гузоштанд, зеро ки ба саҳна бори нахуст бо дур сохтани ларза дар тан аз ҳаяҷон баромадан сазовори тамоми намуди мадҳ аст. 

  Айни ҳол аст, то ки ҳайати ҳакимон фаъолияти худро шуруъ намоянд. Ҳамагӣ 10 дақиқа барои қабули қарор ҷудо карда шуда, инак он қабул гашт. 

  Каме аз мавзӯъ дур гашта, қайд мекунем, ки дар муддати як ҳафта то ба намоиши финалӣ, аз рӯи сабабҳои гуногун, ки аз ташкилкунадагони лоиҳа вобаста набуданд, дар як замон 4 духтарони иштирокчӣ аз иштирок дар озмун рад карданд. Ҳамин тавр, аз ҷониби ташкилоткунандагон қарор оиди фавран дар давоми як чанд руз пайдо кардани ва ҷалби 4 духтарони иштирокчӣ қабул гашт. Мутаасифона албатта онҳо барои ба даст овардани унвони «Маликаи ҳусни таваҷҷӯҳи бинандагон» мубориза бурда наметавонистанд. 

   Хотиррасон мекунем, ки унвони «Маликаи ҳусни таваҷҷӯҳи бинандагон» тибқи интихоботи sms барои духтарони иштирокчӣ аз 1-уми сентябри то 30 ноябри соли 2014 муайян мегашт. Дар давоми се моҳ духтарон соҳиби садҳо овозҳо гаштанд ва беш аз ҳама таваҷҷӯҳи сокинони ва мехмонони кишварро иштирокчии дар зери рақами 10 Малика Ахметова ба худ ҷалб намуд. 

  Айнан Малика Ахметова барои ба даст овардани унвони «Маликаи ҳусни таваҷҷӯҳи бинандагон» соҳиби ҷоиза аз TTL, яъне планшет ва интернети ройгон ба муддати 6 моҳ гашт. 

  Баъдан ба саҳна Беҳруз Зеваровро барои эълон намудани номи духтареро, ки ҷои сеюмро дар озмун ишғол намуд ва соҳиби унвони «Маликаи технологияҳои нав» гашт, таклиф намуданд. Аммо аъзои ҳайати ҳакимон на чандон омода буд ва номи духтари иштирокчии ғолибро фаромуш кард, ки ин боиси бесарусомонӣ ва парешонӣ гашт. Ҳамин тавр рақами 10-ро хонда (ин Малика Ахметова), бо баробари ин номи дигар духтарро дар зери рақами 12 бударо эълон намуд. Ду маротиб аз Б.Зеваров натиҷаро пурсида ва ҷавоби равшанро нагирифта барандаҳо ба саҳна барои супоридани ҷоизаи унвони «Маликаи технологияҳои нав» Фарзона Боеваро таклиф намуданд. Ба Фарзона Боева инчунин ҷоиза аз TTL - ноутбук ва интернети ройгон ба муддати 6 моҳ пешниҳод карда шуд. 

   Барои дер давом надодани мадҳушӣ дар толор, барандагон ба саҳна аъзои навбатиро барои эълон намудани ғолиберо, ки ҷои дуюмро дар озмун ишғол кард, даъват намуданд. Ба саҳна раиси ҳайати ҳакимон Саади Самадов баромада эълон кард ки ҷои дуюм ба духтари иштирокчии дар зери рақами 2 дода мешавад. Ин иштирокчӣ Полина Венская, соҳиби унвони «Ноиби маликаи Интернет-2014»» мебошад. 

  Ниҳоят, аъзои ҳайати ҳакимон Зебо Орифова номи ғолиберо, ки ҷои аввалро ишғол намуда, соҳиби унвони «Маликаи Интернет-2014» гашт, эълон кард. Ин ғолиб духтари иштирокчии дар зери рақами 6 - Зарнигор Хусайнова шуд. 

   Зарнигор интернети ройгони солона ва туҳфаи асосӣ - роҳхат ба Тайланд бо муддати 2 ҳафта гирифт. Роҳхатро ширкати VTT пешниҳод намуд. 

    Ба се иштирокчии ҷойҳои аввалро ишғол намуда инчунин аз ҷониби ширкати Tcell туҳфаҳо супорида шуданд. 

   Ба тамоми дигар иштирокчиёни озмун ширкати «Телекомм Технолоджи» туҳфаи дилбардор дар шакли интернети ройгон ба муддати 3 моҳ пешниҳод намуд. 

    Ҳамин тавр, озмуни зебогӣ, ки ба 20-солагии татбиқи интернет дар Тоҷикистон бахшида шуда буд ба охир расид. Иштирокчиён, меҳмонон ва ташкилкунандаҳо, бо эҳсосотҳои пурҳаяҷон ва хотирмон рафтанд. Иди интернет ба анҷом расид, аммо худи интернет то ҳанӯз бо мо боқӣ аст ва ба одамон суҳбатро дар тамоми ҷаҳон мебахшад. 

Бори дигар номҳои иштирокчиёни намоиши финалиро хотиррасон менамоем: 
№ 1 – Фарида Раджабова 
№ 2 – Полина Венская 
№ 3 – Манижа Зиёева 
№ 4 – Манижа Рахмонзаде 
№ 5 – Ҳафиза Саидалиева
№ 6 – Зарнигор Хусайнова 
№ 7 – Меҳрубон Давлатова 
№ 8 – Вера Карнаухова 
№ 9 – Екатерина Уткина 
№ 10 – Малика Ахметова 
№ 11 – Фарзона Бурхвалишоева 
№ 12 – Фарзона Боева 


Шарикони лоиҳа: 
- шабакаи толорҳои ҳусн OSIS+ (Schwarzkopf Professional) 
- студияи дизайни либоси мӯдшудаи Умед Кучкалиев 
 - толори арусии «Баҳор» 
- ширкати полиграфии «График АРТ» 
 - маркази продюсерии TOPmedia 
- ва албатта агентии саёҳии VTT! 
 

VTT – ин саноати меҳмондӯстӣ аст 
- шарикони иттилоотии озмун радиои «Ватан» 
 - ва шарики генералии медиа гуруҳон «Азия Плюс»




Баргашт ба рӯйхат

Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть