logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда +992 48 701 88 88

СУХАНҲО ДАР БОРАИ ШИРКАТ: бахшида ба 20-солагии ҶСП «Телекомм Технолоджи»

003Раиси Ассотсиатсияи таҳвилкунандагони хизматрасониҳои Интернети Тоҷикистон Асомиддин АТОЕВ -

Бешубҳа, ширкати «Телекомм Технолоджи» яке аз кашфкунандагони рушд, таҳия, мувофиқкунӣ, васеъкунӣ, ҷорикунии технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ ва хизматрасониҳо дар кишвар ба ҳисоб меравад. Солҳои 90-ум, тавре ба ҳамагон маълум аст, барои Тоҷикистон хело мушкил буданд ва бисёриҳо дар он ақида буданд, ки ҷорӣ намудани Интернет барои Тоҷикистон шукӯҳи нолозим аст. Аммо, шукри Худованд, ки буданд чунин нафароне, ба монанди Шавкат Халилов, ки ба ин кор боварӣ дошта, саҳми худро дар ин самт гузоштанд. Дар натиҷа мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки то чӣ андоза ин нафарон ояндабин буда, саҳми худро дар оянда гузоштанд.. Он давраро мумкин аст ба ду марҳила ҷудо намуд: ҷорӣ намудани Интернет ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои онлайн Интернет. Дар ин ҷода инчунин ширкати «Телекомм Технолоджи» аввалин буд. Ширкат бозингари қавӣ буда, аз рақибон бо шабакаи моҳворавии беҳамтои худ ViaSAT дар ҳамаи манотиқи кишвар фарқ мекунад. Айни замон Ширкат яке аз бузургтарин бозингарон дар бозор буда, ҷорӣ намудани технологияҳои навро идома медиҳад, ки ин ба мо истифодабарандагони хизматрасониҳо имкон медиҳад то ҳамқадами замон бошем. Ба ҶСП «Телекомм Технолоджи» бурдбориҳо барои худи Ширкат ва ба номи кишварамон орзумандам. Хизматрасониҳоро берун аз марзи кишвар пешниҳод намоед, минтақаи фарогириро васеъ намуда, хизматрасониҳои нав ба навро ҷорӣ намоед. Тоҷикистонро ба маркази телекоммуникатсионӣ мубаддал гардонед – барои ин Ширкат ҳамаи имкониятҳоро дорад.


001Муовини якуми Раиси «Агроинвестбонк» Фаррух ТАҒОЙМУРОДОВ

ҶСП «Телекомм Технолоджи» яке аз бузургтарин провайдерони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1994 дар бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ фаъолият дорад. Он мавқеи хеле устуворро ишғол намуда, хизматрасониҳои телекоммуникатсионии худро дар сатҳи меъёрҳои умумиҷаҳонӣ барои мизоҷон пешниҳод месозад. Лоиқ ба қайд аст, ки Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Агроинвестбонк» бо Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Телекомм Технолоджи» шурӯъ аз 25 декари соли 2005 инҷониб оид ба таъмин намудани хизматрасониҳои иттилоотии шабакаи Интернет, шабакаҳои интиқоли маълумотҳо, дастрасӣ ба захираҳои шабакаҳои бузургтарини ҷаҳонӣ, пешбарии бақайдгирии электронии дархостҳо, пардохти хизматрасониҳо аз ҷониби мизоҷони Бонк, ба мизоҷон пешниҳодсозии ҳисобҳо барои пардохти хизматрасониҳои пешниҳодшуда ва ғайра дар сартосари низоми Бонк Шартномаи ҳамкорӣ баста буд. Дар тӯли ин солҳо мушоҳида шуд, ки ин ҳамкорӣ натиҷаи баробар ва судманде дорад. Дар масири зиёда аз 9-соли ҳамкорӣ ду ҷониб тавонистанд барои дастрасӣ ва пешниҳодсозии хизматрасониҳои мунтазам ва шабонарӯзӣ (24 соат дар як рӯз, 7 рӯз дар як ҳафта, 365/366 рӯз дар як сол, ба истиснои рӯзҳои беҳдоштии техникӣ, ки мизоҷ қаблан аз ин амал хабардор карда мешавад) бо таъмин намудани фаъолияти сифатан баланди таҷҳизот, ки барои пайваст шудани мизоҷон ба шабакаҳои мухталифи алоқа хизмат менамояд, ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гарданд, ки дар ин самт саҳми Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Телекомм Технолоджи» хеле назаррас баҳогузорӣ мешавад. Дар раванди суръатноки таъмин намудани аҳолӣ бо хизматрасониҳои сифатан баланди бонкӣ тамоми низоми бонкии Тоҷикистон алалхусус Агроинвестбонк кӯшиш мекунад, ки ҳамқадами замони пешрафта бошанд ва рушди технологияҳои замонавӣ дар ин ҷараён ҳар лаҳзаву ҳар сония ба назар мерасад. Шабакаи терминолу банкоматҳои дар сартосари Тоҷикистон ҷойгирнамудаи ҶСК «Агроивестбонк», ки ҳамарӯза ва пайваста ба мизоҷон бо сифати баланд хизматрасонӣ менамоянд, далели гуфтаҳои боло мебошанд. Воситаҳои пулии мизоҷон, ки аз тамоми гӯшаву канорҳои кишвар ва хориҷи он ба хешу табор ва наздикони эшон тариқи низомҳои гуногуни интиқолии маблағҳо амалӣ карда мешаванд, албатта натиҷаи ҳамкориҳои ин ду муассисаи дар боло зикргашта мебошад. Лоиқ ба зикр аст, ки фаъолияти хизматрасониҳои ҶСП «Телекомм Технолоджи» дар филиалҳои Бонк, ки дар минтақаи Суғд ҷойгир мебошанд, низ хеле назаррас ва бештар мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар хулоса афзудан мехоҳем, ки хизматрасониҳои сифатан баланд ва саривақтӣ барои мизоҷон ҳадафи асосии ҳар як муассиса ва ташкилоти хизматрасон ба шумор меравад, ки мо дар ҳамкорӣ бо «Телекомм Технолоджи» ба ҳадафҳои асосии худ ноил гаштаем. Боқӣ ҷашни 20-солагии фаъолияти пурсамарро барои ин шарикони боэътимоди худ табрик ва таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно менамоям.

002Сардори Намояндагии Корпоратсияи ZTE дар Тоҷикистон Саъди САМАДОВ

Мӯҳтарам ҳамкорон! Дӯстони гиромӣ! Соли ҷорӣ ин соли хотираҳо аз муваффақиятҳои қаблӣ ва дастовардҳо мебошад. Соли босабот ва муваффақият аст. Соли бунёдсозӣ ва кушоиш, пешбурд ва умедҳо барои дастрас шудан ба қуллаҳои баландтар мебошад. 20 соли муваффақияти ҶСП «Телекомм Технолоджи» - ин хотироти нек ва умедҳо барои ноил шудан ба ҳудуҳои нав, вақте ки дар ҳамбастагӣ бо Ширкат ҳамаи мамлакат ҳамқадами замон мебошанд. Солгарди «Телекомм Технолоджи» - ин солгарди ҷорӣ намудани Интернет ва технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ дар ҳамаи ҷумҳурӣ мебошад. Он вақт, 20 сол қабл, ҳайати пешқадами ТТЛ бо ҷидду ҷаҳд фаъолияти худро оғоз намуд, ва барои ман хурсандиовар аст, ки дар ин солҳо Корпоратсия ZTE шарики боэътимод шуда, дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои «Телекомм Технолоджи» иштирок дошта, бад ин васила дар роҳандозӣ ва рушди технологияҳои телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон саҳм худро гузоштем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи Корпоратсияи ZTE ва шахсан аз номи худам ба ҶСП «Телекомм Технолоджи» ҳаракат ба самтҳои нав, бурдбориҳои нав ва муваффақият орзумандам!

Сардори намояндагии ALSTOM дар Тоҷикистон Азам Содиқов

Дӯстон, имсол ширкати «Телекомм Технолоджи» 20 солагии худро қайд мекунад! Рақами 20 дар ҳаёти ман ҳамеша муҳим аст: санаи 20-ум ман таваллуд шудаам, дар санаи 20-ум дар донишкада кори дипломиро ҳимоя кардам, бо рақами 20 рақами давлатии нақлиёти аввалини ман шурӯъ мешуд, акнун рақами 20 дар рақами давлатии нақлиёти ҳамсарам дарҷ гардидааст ва бо ин рӯйхат ба итмом намерасад. Имрӯз ширкати «Телекомм Технолоджи» 20 сола мешавад, ва имконпазир аст, ки дар ин рамзе ҳаст… Зиёда аз 10 сол ширкати мо ва шахсан манн аз хизматрасониҳои «Телеком Технолоджи» баҳра мегирем! Дар моҳи апрели соли 2004 намояндагии ALSTOM дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, аз ин лаҳза хушбахтона ҳамкории мо канда намешавад. Ҳайати кории ТТЛ – хело ҳам ӯҳдадор ва ҳайати кордон мебошанд, ки бо замон ҳамқадам ҳастанд. Ин хело муҳим аст, зеро мо дар замони технологияҳои иттилоотӣ ҳаёт ба сар мебарем, инчунин рушд ёфта истода, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо то дараҷае пайваста шудаанд, ки як рӯзамонро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз иттилооти дилхоҳ дар фосилаи «як пахши тугмача» қарор дорад, аслан марзҳо дар ҷаҳон ба таври воқеӣ боқӣ мондаанд. Интернет аудиторияи муайяни худро надорад ва аз ҷониби ҳамагон талабот мавҷуд аст, новобаста аз синну сол, мавқеи иҷтимоӣ, миллат, хусусиятҳои инфиродӣ ва дигар омилҳо, инчунин имкониятҳои интернет сол ба сол васеътар ва ҷолибтар шуда истодаанд. Бинобар ин, мехоҳам аз самими қалб сипосгузории худро барои меҳнати пурсамари кормандони «Телекомм Технолоджи» бахусус ба асосгузори ин ширкат – Шавкат Халилов иброз намоям. Ӯ воқеан қаҳрамонӣ нишон дод, зеро дар он давраҳои мушкилтарини таърихи Тоҷикистон, ҳангоме ки дар кишвар нооромӣ ва вайронӣ буд, тавонист рӯҳан пойдор бошад ва худро муқобили дигар ҷаҳон гузорад, меҳнати созандаи худро оғоз намуда ба бунёдкории шабакаи интернет, дар он лаҳза ғайриимкон, шурӯъ намояд. Маҳз барои ин, бори дигар мехоҳам ба кормандони ширкати «Телекомм Технолоджи» аз самими қалб сипосгузорӣ намуда, онҳоро бо 20-умин солгарди таъсисёбии ширкат табрик намоям! Иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, нерӯи беканор, ва муваффақият орзу намоям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории мо дар оянда низ тарафайн муфид ва пурсамар хоҳад буд.

Баргашт ба рӯйхат

Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть